ТОЗАГИИ ПОЙТАХТ - МАРОМИ МО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

20.04.2021 Н.ФИРДАВСӢ

 

      Санаи 20 апрели соли ҷори бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба таблиғ намудани одоби шаҳрнишинӣ, дар шаҳр гаштугузори гурӯҳиро бобати риояи тозагӣ, бахусус партофтани партовҳо дар ҷойҳои муқарраргардида, овезон накардани либосҳо аз тирезаҳои хонаҳои истиқоматӣ, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи биноҳо ва сабзкорӣ намудани атрофи маҳал, имрӯз аз ҷониби кормандони раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ дар маҳаллаи "Крупская" - и ноҳияи Фирдавсӣ корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни сокинони маҳаллаи болозикр баргузор карда шуд.

       Мақсад аз баргузор намудани чунин корҳои ташкилӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати шаҳрдории сокинони пойтахт мебошад.


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе