ҶАВОНОН ВА 30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ХАЙРХОҲӢ ШАРАФ ВА ХИСЛАТИ НЕКӮИ ҲАМИДАИ ИНСОНИСТ

 

18.04 2021 Н. ФИРДАВСӢ

     Зери ҳамин унвон имрӯз аз ҷониби гирандагони стипендияи Президентӣ, ҷавонони фаъоли назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шуруъ аз субҳи содиқ ба кормандони раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ вобаста ба тозаю озода нигоҳ доштани кучаву хиёбонҳои пойтахт дасти ёрӣ дароз намуданд.  Тадбири мазкур аз ҷониби ҷавонони хайрхоҳ нишонаи эътимоду боварӣ ва ба ин васила расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии модарону хоҳарони тоҷик арзёбӣ мегардад. Амали хайрхоҳонаи анҷомдодашуда, ба таври ҳамешагӣ аз ҷониби гирандагони стипендияи Президентӣ ва ҷавонони фаъоли ноҳия пайгирӣ карда мешавад.


 


 


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе