ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САВДО ВА ТАРАБХОНАИ “ФАЙЗУЛЛО” ВА ТАҚДИМИ ТӮҲФАҲО БА ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

 

7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои маркази савдо ва тарабхонаи миллии “Файзулло”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур сеошёна буда, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Файзулло Абдуллоев дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд карда шудааст.

Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маркази савдо, тарабхона ва сехи қанодӣ 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Дар маркази савдо мағоза, тарабхона ва сехи қаннодӣ ҷойгир мебошад. Ҳамчунин барои кормандон ҳуҷраҳои корӣ бунёд карда шудааст.

Дар рафти бунёди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, бино бо унсурҳои хоси миллӣ ва шаклу услуби хос қомат афрохтааст.

Ҳамчунин бо мақсади зебову назаррабо намудани муҳит дар атрофи иншоот гулу бутта ва ниҳолҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Соҳибкори ватанӣ иқдом гирифтааст, ки дар маркази савдо бештар маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, ки дорои сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад ба фурӯш бароранд. Вобаста ба ин бо дигар соҳибкорону хоҷагидорон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.

Аснои шиносоӣ бо тарҳи бино ва сатҳи хизматрасонӣ дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдоми ватандӯстонаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд доданд.

Пас аз ифтитоҳи иншооти нави хизматрасонӣ дар ошёнаи дуюми бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулли вилояти Суғд вохӯрии самимӣ анҷом дода, ба онҳо сару либос, китоб ва ширинӣ тӯҳфа намуданд.

Дар ин мулоқот 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Исфара, Гулистон, Бӯстон, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров аз тӯҳфаҳои Пешвои миллат баҳравар гаштанд.

  

 

  


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе