Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе санаи 3 апрели соли 2021, дар шаҳраки 23 кӯчаи Шестопавлова ва Мир – Алӣ назди биноҳои истиқоматии 17, 19, ва 15 бо иштироки сокинони маҳаллӣ 105 бех дарахти ҳамешасабзӣ Манжевелник шинонида шуд.