ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ «МАҲАЛЛА», «ШАҲРАК» ВА «КӮЧА»- И БЕҲТАРИН ДАР НОҲИЯ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД
02.10.2024 22:47
Санаи 2 октябри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ ва роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории ноҳия ҳамоиш доир гардид, ки дар он дар ҳузури иштирокдорон ғолибони озмуни ноҳиявии «маҳалла», «шаҳрак» ва «кӯча»- и беҳтарин дар ноҳия бо туҳфаҳои омоданамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гидиданд. Ёдовар мешавем, ки дар номинатсияҳои гуногун тамоми воҳидҳои маъмурии ҳудуди ноҳия ба озмун ҷалб гардида, ғолибон бо сипоснома ва маблағҳои пулии аз 1500, 3000 ва 5000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия, бахусус Раиси ноҳия, муҳтарам Умед Гуреззода ба масъалаи тозаву озода ва ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбон ва ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия зиёд буда, масъалаи мазкур зери назорати мунтазам қарор дода шудааст. Чунин иқдомҳо дар фарогирии иҷтимоии кормандони касбу кори гуногун ёрии амалӣ расонида, масъулинро ҷиҳати вусъати корҳо дар ин самт раҳнамун менамояд.