ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР НОҲИЯ

02.10.2024 22:35

 
Санаи 1 октябри соли 2024 дар доираи дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахусус Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муҳтарам Умед Гуреззода бо мақсади арҷгузорӣ ба шахсияти нотакрори муаллим - омӯзгор ба ифтихори Рӯзи омӯзгор дар толори МТМУ№14 ноҳия бо иштироки муовини Раиси ноҳия - Шукурзода Саодат Нусратулло, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе - Исмоилзода Баҳром Мансур, собиқадорони соҳа, фаъолон ва дигар шахсони расмӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҷиҳати қадршиносӣ ва поси меҳнат ва заҳматҳои шоистаи омӯзгорон 4 нафар бо нишони «Аълочии маориф ва илм», 8 нафар бо ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 20 нафар бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва 140 нафар собиқадорону кормандон бо туҳфаҳои гуногуни хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Маврид ба зикр аст, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар меҳвари сиёсати Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Аз ин рӯ, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи омӯзгорону кормандони соҳаи илми ноҳия тамоми тадбирҳо роҳандозӣ гардида, масъулин ҷиҳати ҷоннок намудани кор дар ин самти ҳаётан муҳим бо маром талош варзида истодаанд.