ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВБАТИИ САФАРБАРӢ БА АРТИШ

02.10.2024 22:27

 
Санаи 1 октябри соли 2024 дар комиссариати ҳарбии ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муҳтарам Гуреззода Умед ва масъулини Комиссияи даъвати ҷавонон ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, инчунин доираи васеи волидайни даъватшавандагон чорабинии густурдаи гусели зиёда аз 200 нафар ихтиёриён ба хизмати Модар - Ватан доир гардид. Ихтиёриёни даъватшуда дар тан либоси мунаққаш бо рамзу муқаддасоти миллӣ бо саф кашидан дар саҳни комиссариати ҳарбии ноҳия бори дигар аз фидокорӣ ва масъулияту хештаншиносии худ бо виқор дарак дода, бо қавли хизмати содиқона ва бошарафона барои адо намудани қарзи пуршарафи шаҳрвандӣ барои пайвастан ба саффи Артиши миллии кишвар сафарбар гардиданд. Хотири ҷавонони синни даъватро дар майдони комиссариат дастурхони пур аз нозу неъмат ва таҳти навои суруду мусиққӣ рақсидану шодӣ кардан болида гардонид. Ёдовар мешавем, ки масъалаи даъвати ҷавонон ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар маркази диққати роҳабарияти ноҳия, бахусус Раиси ноҳия қарор дошта, дар робита ба иҷрои саривақтӣ ва пурраи нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба артиш дар ноҳия тамоми тадбирҳои зарурӣ рӯйи кор оварда шудааст.