05.07.2022. н. Фирдавсӣ
Тибқи нақшаи чорабиниҳои филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нимаи аввали рӯз хониши сиёсӣ бо кормандони Нозироти идоракунии фонди манзили ноҳия, раисони шаҳраку маҳаллаҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баргузор карда шуд.
Зимни баргузории чорабинӣ, масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуда, таъкид шуд, ки дар даврони истиқлолият фарҳанги миллии мо дар тарбияи ҳисси бедориву худшиносии миллӣ, махсусан, густариши эҳсоси ватандӯстиву зебоишиносии наврасону ҷавонон нақши муҳим бозида истодааст.
Натиҷаи дастовардҳои Истиқлолият аст, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст.
Имрӯз сокинони кишвари мо ифтихор аз он доранд, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошанд, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд.