Гулгашт "БУТТАЗОР" дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

 25. 06. 2022. н. Фирдавсӣ

Санаи 25 июни соли 2022 дар доираи иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар назди бинои мақомоти иҷроия Гулгашт "БУТТАЗОР" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раиси ноҳияи Фирдавсӣ муҳтарам Усмонзода Фатҳиддин Бадридин ва масъулини сохторҳои дахлдори ноҳия иштирок намуданд.
Гулгашт барои сайру гашт ва фароғати наврасону ҷавонон ва сокинони гирду атроф ҷои мусоид буда, ба зебогии шаҳри Душанбе таровати дигар мебахшад.

 


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе