Joomla module supported by best sites poker the poker information site.

ҶАВОНОН БОЯД БО ДОНИШҲОИ СИЁСӢ МУСАЛЛАҲ БОШАНД

 

       Рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳар давраи таърихӣ дорои мушкилоти хоси худ мебошад. Интиҳои асри 20 ва даҳсолаҳои аввали асри 21 нишон медиҳад, ки мушкилоти асосии ин фосилаи таърихӣ экстремизм ва терроризм мебошанд. Имрўз ин равандҳо ваҳшонияти инсониро нишон дода, арзиши инсон ва дигар муқаддасотро аз байн бурдаанд. Соҳибихтиёрӣ, сохти конститутсионӣ, волоияти қонун ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсонро аз байн бурда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳро ба қатл расонидаанд.

     Экстремизм андеша, фикр, тарғибот ва ғояест, ки дар мафкураи инсон ҳисси бадбинӣ, хашму ғазаб, нафрат, кинаву адоват, душманӣ, ваҳшоният ва харобкориро ҷой дода, ўро аз андешаи солим дур месозад ва идоранашаванда мегардонад, ки дар натиҷа ба амали террористӣ даст мезанад.

       Имрўз гурўҳҳои махсуси ташкилшудаи тарғиботӣ ҳам ба таври озод ва ҳам дар расонаҳои интернетӣ андешаҳои экстремистии худро паҳн намуда, ба рўҳия ва мафкураи инсонҳо, махсусан ҷавонон таъсир расонида, онҳоро ба амалҳои террористию экстремистӣ ҷалб менамоянд

       Мо, ҷавонон бояд дар хотир дошта бошем, ки мушкилоти азимтарине, ки то имрўз роҳи ҳалли пурраи он дарёфт нагардидааст ва дар ҷаҳони муосир, новобаста аз пешрафти илму технология боқӣ мондааст, ин мушкилоти мафкуравӣ мебошад. Роҳи ҳалли ин мушкилот содаву осон нест. Агар мо таърихи миллати худро гирем, фарзандони донишманду соҳибхирад ва дурандешу фозили миллат, ки дар роҳи ҳалли ин мушкилот кўшишҳо кардаанд ва мафкураи халқро тағйир додан хостаанд ҳамеша ба туҳмату буҳтон гирифтор шуда, сангсор гардидаанд ва куфр хонда шудаанд. Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши ин изоъҳои мазҳабию динӣ, гурўҳҳои террористию экстремистӣ ва дар ин замина ба майдони ҷанг табдил додани давлатҳо маҳз ҳамин мушкилот мебошад. Яке аз сабабҳои сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвари мо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамин мушкилот буд. Имрўз гурўҳҳои махсуси манфиатдор ҷаҳонбинӣ, сатҳи фаҳмишу дониши сиёсӣ, психология, эътиқоди динӣ ва мафкураи моро меомўзанд ва аз нуқтаҳои заифи мафкуравии мо сўистифода карда, моро ба гурўҳҳо табдил дода, миёни мо низоъ, бадбинӣ ва кинаю адоватро барангехта, мақсадҳои худро амалӣ менамоянд. Бо дарназардошти ин масъала мо - ҷавонон бояд таҳлилгари ҷиддии сиёсию равонӣ ва мафкуравию идеологӣ бошем.

     Мо ҷавонон бояд фаромўш насозем, ки ягон гурўҳи террористию экстремистӣ дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд намеояд. Ҳамаи гурўҳҳои террористию экстремистӣ ташкилшуда мебошанд. Онҳо маблағгузорӣ шуда, бо лавозимоти зарурӣ, яроқу аслиҳа таъмин мегарданд ва пуштибонӣ меёбанд. Ин омил дар асри 21 яке аз роҳҳои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии давлатҳои алоҳида ва гурўҳҳои махсус маҳсуб меёбад. Бо дарназардошти ин раванд мо, ҷавонон бояд аз ҷиҳати сиёсию равонӣва идеологию эътиқоди динӣ устувор ва таъсирнопазир бошем, фирефтаву зудбовар нашавем. Ҳушёру зирак бошем ва мафкураи илмӣ – таҳлилӣ дошта бошем. Тавре Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: «Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд. Муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад».

Copyright 2015. TOJNET.