Joomla module supported by best sites poker the poker information site.

Истиқлолият неъмати бебаҳо

Солҳои навадуми асри гузашта таърих бори дигар тоҷиконро мавриди озмоиш қарор дод. Баъди зиндагии осоишта ва дар ҳудуди давлати абарқудрати шӯравӣ қарор доштани Тоҷикистон ногаҳон вазъи ба амал омадаи сиёсӣ рӯҳияи аксари шаҳрвандонро ба изтиробу шӯр овард. Мардуми аз сиёсат дур ба чоҳи сиёсатҳои нопоки абарқудратҳо афтида, бисёр ғаразҳои сиёсиро, ҷангу низоъ, парокандагиву парешонӣ, харобу валангор сохтани инфрасохтори муҳими хоҷагии халқро амалӣ намуданд. Бехабар аз ин дассисаҳои сиёсӣ бозичаи дасти бегонагон гардиданд. Ин марҳилаи таърихӣ агар аз як сӯ оҳанги баланд гардидани эҳсоси худшиносӣ бошад, аз дигар тараф ин ҷанги таҳмилие буд, ки метавонист ба марги миллат табдил ёбад. Вале ба бахти миллати тоҷик шахсияте сари қудрат омад, ки сиришташ аз некӣ, покию самимият, адолату садоқат, ҷасорату шуҷоат, худшиносию ватандӯстӣ сиришта шуда буд. Дар ин лаҳзаи ҳассосу мураккаби сиёсӣ касе зимоми давлатдориро бар дӯш гирифтан намехост. Замоне, ки сохтори давлатдорӣ шикаста, ба хоҷагии халқи мамлакат хисороти зиёд ворид шуда буд, замоне ки бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ мамлактро фаро гирифта буд, масъулияти душвору сангин ва ҷиддиро ин ҷавонмарди асил, ватандори асил, тоҷики асил бар дӯш гирифт.

Вақт нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дуруст буд. Таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ҳақиқатро бори дигар ба хубӣ собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад ва обрӯву нуфузи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилал ҳифз намояд.
         
Бар асари ин ҷанги хонумонсӯз беш аз 100 ҳазор кушта, зиёда аз 60 ҳазор гуреза ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ва 195 ҳазор ба кишварҳои ба мо дӯсти Узбекистону Русия фирор намуданд. 35 723 хона вайрону валангор, 25 ҳазор зан бева, 53 ҳазор кӯдак ятим гаридид. 61 муассисаи тиббӣ аз фаъолият боз монда, дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон бисёр мактабҳо мавриди роҳзаниву ғорат қарор гирифтанд. Аз соли 1992 то 1993 маблағи умумии зарари моддӣ беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Иқтисоди Тоҷикистон касод ва муфлис гардида, Тоҷикистон ба қатори яке аз давлатҳои қашшоқ ворид шуд. 800 гурезаи тоҷик, ки ба кишварҳои Афғонистону Покистон ва                                                                     дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя фирор намуда буданд, ба Ватан боз гардонда шуд. Сарвари давлат ҷон ба кафи даст ба ҷумҳурии Афғонистон рафта, бародарвору падарвор гурезаҳои тоҷикро ба Ватан овард. Мардум ба ин ҷавонмарди асил, ба суханҳои пурмеҳру самимонаи ӯ бовар намуда, ба хоки Тоҷикистон боз гаштанд ва зиндагиро аз сари нав оғоз намуданд.

Роҳбарии хирадмандона, самимияти беҳадду канор, рӯҳи қавии ватанпарастӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд. Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат, дар ин роҳ натиҷаҳои дилхоҳ ба бор оварданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ низ дорад. Таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Омӯзиши ҳамаҷонибаи ин таҷриба имконият медиҳад, ки пеши роҳи сар задани чунин низоъҳо ва моҷароҳо гирифта шавад ва дар сурати ба вуқӯъ омадани ҳар гуна муноқишаҳо роҳи ҳалли онҳо ҳарчи зудтар пайдо карда шавад.
       Танҳо дар 18 соли охир Тоҷикистон баъди бунёд ва ба низом овардани сохтори давлатдорӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ тавонист ҷаҳишҳои бузурге намояд ва ба ҳадафҳои стратегии назди худ гузошта, аз қабили аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ба истиқлолияти энергетикӣ расидан ва амнияти озуқавориро таъмин намудан ба як қатор дастовардҳо ноил гардад. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон тавонист дар бисёр самтҳо ба муваффақиётҳо шарафёб гардад. Аз ҷумла дар солҳои истиқлолият дар низоми судӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ анҷом дода шуд. Ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил ва ҷудогонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд.

Имрӯз Тоҷикистон дар раддабандиҳои баъзе созмону ташкилотҳо мавқеи сазоворро комёб гардидааст. Аз ҷумла мутахассисони Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (WEF), Ҷумҳурии Тоҷикистонро бехавфтарин кишвари Осиёи Марказӣ дар соли 2017 номбар карданд. Дар ин рейтинг Тоҷикистон миёни 136 кишвар мақоми 49-умро касб кард. Тоҷикистон дар раддабандии (рейтинги) кишварҳои дар пешбурди тиҷорат муваффақ, ки аз ҷониби маҷаллаи амрикоии “Forbes” омода шудааст, миёни 153 кишвари ҷаҳон зинаи 108-умро ишғол намуд. Рейтинг 21 декабр дар сомонаи маҷаллаи мазкур нашр гардид. Зикр мешавад, ки соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 6,9 % афзуда, шумораи аҳолии мамлакат 8,5 млн нафар ва ММД ба ҳар сари аҳолӣ 800 доллари ИМА-ро ташкил дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии “Шохиси ҳуқуқи кӯдак-2017”, ки соли 2017 аз ҷониби созмони “Бунёди ҳуқуқи кӯдак” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ерасмуси Роттердам дар самтҳои ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, саломатӣ, маориф ва ҳифзи муҳити зист гузаронида шуд, миёни 165 кишвари аъзои Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид мақоми 55 — умро касб намуд. Тоҷикистон миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ баъд аз Ҷумҳурии Қазоқистон (ҷойи 22) ва Туркманистон (ҷойи 42) дар ҷойи сеюм қарор дорад. Пас аз Тоҷикистон давлатҳои Озарбойҷон (ҷойи 66), Беларус (ҷойи 78), Қирғизистон (ҷойи 81), Ӯзбекистон (ҷойи 85), Федератсияи Русия (ҷойи 86) ва Арманистон дар ҷойи 106 қарор гирифтаанд». Бино бар иттилои Internet Live Stats соли 2016 Тоҷикистон аз ҷиҳати шумораи истифодабарандагони шабакаи интернет дар мақоми 114-ум қарор дошт. ва дар қаламрави Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет ба 1,6 миллион нафар расида, ин адад 18,7 % аз шумораи умумии аҳолиии кишварро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо соли 2015 шумораи корбарони интернет 4,3 % афзудааст.

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик ба шумор меравад, ки он
ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз ин рӯ,дар талоши он бошем, ки бо тамоми ҳастӣ ин марзу бум ва ин дастоварҳои бо мушкили зиёд ба даст омадаро ҳифз кунем ва насли бонангу ор, худшиносу ватандӯстро ба воя расонем.

Copyright 2015. TOJNET.