Joomla module supported by best sites poker the poker information site.

Дар эълони эъломия дер кардед, зеро ба он имрӯз ниёз нест

Гуруҳҳои иғвоаангезу моҷароҷу, дассисабозу ифротгаро боз чандин асосҳоро барои оғози фаъолияти нави хеш бо номи нав Паймони Миллии Тоҷикистон пеш меоранд. Зеро бо номҳои қаблӣ амалу рафторҳои ноҷавонмардонаву хиёнаткорона аллакай сурат гирифтанд. Бояд бо номи баландтаре ин маротиб мардумро сӯи ғаразҳову ниятҳои сиёҳи хеш кашанд. Зери номи ислом, ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди Тоҷикистон, озодандешони Тоҷик барор наёфтанд. Имрӯз ин гурӯҳҳои шикастхӯрда мехоҳанд муттаҳид шаванду бо дассисаву иғвоҳои нав мардумро ба сӯи мақсадҳои муғризонаву нопокашон ҷалб созанд.

27 соли соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ 27 китоби бузург, иқдомҳои бузург, амалҳои хайру савоб дар роҳи рушду пешрафти тамоми самтҳои муҳиму афзалиятноки мамлакат ва манфиатҳои миллӣ буд. Мо баъди дассисаву моҷароҳои солҳои навадуми асри гузашта, ки бо дасти гурӯҳҳои зархариду моҷароҷӯ анҷом ёфт ва тамоми самтҳо, иқтисоду иҷтимоиёти кишвар фалаҷ гардида буданд ва аз ин боис ҷумҳурӣ ба қатори қашшоқтарин давлатҳои дунё ворид гардид, дар давоми 27 сол ин оқибатҳои харобиовари дасти онҳо барқарор ва рушду пешрафти самтҳои муҳим таъмин карда шуд. Сатҳи камбизоатӣ аз 85 фоиз то 29 фоиз коҳиш дода шуд. Он бандҳои бисёр аламоваре, ки шумо дар эъломияи худ изҳор доштед, ҳама ба маротиб таъмин карда шудаанд ва беш аз ин иқдомҳои бузургу созандае амалӣ гардиданд, ки мислашро таърих ёд надорад. Вале 30 фоизаи мухолифин ҳангоми дар ҳукумат фаъолият кардан чи коре ба манфиати мардум анҷом дод. Шумо дар тартибу эълони эъломияи худ дер кардед. Зеро ба он имрӯз ниёз нест.

Copyright 2015. TOJNET.