Joomla module supported by best sites poker the poker information site.

Матлаби навбатӣ ва идомаи даъвифурӯшӣ

       М. Садриддин матлаби навбатиашро ба масъалаи Радиои Озодӣ бахшида, дар ростои сафари Президенти Тоҷикистон баАврупо лафзпардозӣваҳангомасозӣ кардааст. Ҳарзамонеки барои огоҳӣёфтан матолиби расона ва пойгоҳҳоииттилоотиютаҳлилиромурурмекунем, дар баробари дарёфти иттилооти нофеъ, ба сели таҳқиру тавҳиноти пуриддаотарин матлабнависи наҳзатӣҷаноби М. Садриддин мувоҷеҳмегардем. Ростӣ, ҳазоронмаротиба худро муваззаф сохтем, ки дигар ба ин навъ матолиб посух надиҳемванодидабигирем, намешавад. Агарсукутвахомӯшироихтиёркунем, интоифаҳазоронтамғаидигар, мисли “фабрикаи ҷавоб”-ро бар гарданат мезананд. Ногуфта намонад, ки ҳаркӣалайҳимутолиботиинтудаи бадхоҳ чизеинтиқодӣбинависад, ҳатмантамғаи “фабрикаи ҷавоб”-ро мезанандаш. Бигзор, ифротиёни наҳзатӣтанҳошумоҳаққиинтиқодоту таҳқиротро доред? Дигаронро ҳамбигзоред, тодарнисбати матолиби интиқодиатончизенақдгунаинтишорбидиҳанд.    Ба ин манзур, ба матлаби ахирии М. Садриддин иҷмолан посух медиҳем, ки чанд соати пеш дар сомонаи “Ислоҳ.нет”мунташир шудааст.

 

         Кафкпаронию иддао ва манманиҳои М. Садриддин ба ин мазмун, ки: “бахши бузурге азҷамъиятиТоҷикистоникӯчак” будан ва “дардохилҳаводорваҳамдарУрупофаъолиятиозодонадорем ва мо оппозитсияи ин режими диктотур ҳастем” дигар ҳадду канор надоранд ва ӯмислиҳарвақта аз неруи ба истилоҳ, оппозитсионӣ тавсифу тамҷид мекунад ва ба қавлимардумӣ: “ба осмони ҳафтуммебарорад”. Ӯ дар ҳоле интиқодотишадидуллаҳнихудро дар самти сиёсати диктотурӣ рӯйисафаҳотипойгоҳихабариашмерезад, ки рӯйидиктотуриисломисиёсӣтамаркуз ва хомафаросоӣмекунад. Неру ва ин ташаккулаи сиёсие, ки М. Садриддин дар листи он қарор дорад, дар асл, диктотурист. Ботин ва сиришти афроде, ки бар мабнои исломи сиёсӣ бебаркаш даъвою иддао мефурӯшанд, сад дар сад диктотурист. Ҳарфуалфозиқабеҳе, киаззабониМ. Садриддин “метаровад”, магар ба диктотурӣ иртибот надоранд? Тафовут танҳодаринаст, кииннеруиоппозитсонӣ, кибарасосиисломизмёисломисиёсӣмаъракагириисиёсию идеологӣҷуркардааст, дар Аврупо ниёзу даъвиҳоисалтанатхоҳиюдиктотуриашродарлибосидемукросӣвалиберолизмпинҳонсохтааствамунтазири вазъият ва фурсати хуб мебошад. Гумон мекунам, ки як гурӯҳсозмонҳоибайналмилалӣҳамеша аз ин навъ чолишҳосудҷуста ва меҷӯянд. Дар ин миён ПМТ ва созмонҳоибаон марбуту наздик, ки имрӯзсарбаландонахудро “оппозитсия ва неруи бузурги миллӣ” унвон дода, аз ҳисобисармояҳои баъзе доираҳои минтақавӣвағарбӣ дар Аврупо фаъолияти сиёсӣ ва минбардорӣ мекунанд. Муҳимтаразҳама, онҳоҷузъи пружаҳои вежаи сиёсӣбуда, аҳдофу эҳтиёҷоти геополитикии созмонҳои манфиатдори аврупоиро бароварда месозанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як гурӯҳимухолифбо даъвигариҳоибарзиёд ва ба- чолишкашиҳои мудавоми масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, маданӣваамсолиинҳо аз худ дарак медиҳадвамунтаҳо, нақша-барномаҳои махсуси ҳориҷиро иҷромекунад. Дарумум, иннавъ даъвию чолишҳо боиси ноҷуриюбесуботӣдарминтақаҳои мавриди назар мегарданд.

       Масъала ё ба истилоҳ, қазияи Радиои Озодӣ ин қадар М. Садриддинро нигарон сохтааст, ки онро мушкилӣ худ дониста, бар алайҳи ҳукумат метозад. Албатта, ки М. Садриддинро вазъи озодии мамлакат ҳеҷ нигарон намесозад ва Радиои Озодиро танҳо ба он хотир пуштибонӣ мекунад, ки нисбат ба фаъолиятҳои ПМТ ва тими мухолифин матолиби интиқодӣ интишор намедиҳад. Ва воқеият ҳам ҳамин аст, ки Озодӣ ба ин масоил (интиқоди тими наҳзатӣ) худро даргир намесозад ва то имрӯз ҳеҷ матолибе интишор надодааст, ки характери интиқодӣ ва таҳлилӣ дошта бошанд. Бинобар ин, масъалаи муҷаввиз надодани чанд корманди радио барои М. Садриддин “доғ” шудааст.

       Бигзарем, баъзе масъулин ва матлабнависони бахши тоҷикии дафтари “Озодӣ” ҳам аз ҷурму гуноҳ мубаррою муназзаҳ нестанд ва онҳоро “мусичаи бегуноҳ” ҷилва додани М. Садриддин ҳатман сирре дорад. Дигар ин ки то ҷое бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз маҷрои худ бурун рафта, ба ҷойи фароҳам овардани шароити ҳамзистӣ ва рушду тавсеа додани фазои бози фикрию иттилоотӣ ба парокандани иғвою дасисаҳои навбатӣ иштиғол меварзад. Бар илова, Озодӣ ба пуштибонии М. Садриддин ва афроде мисли ӯ ниёз надорад ва мушкилоти он дар доираи қонунгузорӣ имрӯз не, фардо ҳаллу фасл мегардад. Мусалламан, дар тамоми дунё бархӯрдҳои давлатӣ бо расонаҳо ба назар мерасанд ва талаботи низоми давлатдории дунявӣ ҳамин аст. Аммо аз як масъалаи кучак қазияи бузург сохтан танҳо ба формати фаъолиятҳои гурӯҳҳое иртибот мегирад, ки ҳатман ният ва ҳадафи муғризонаеро дунбол мекунанд.  

               Фаридун Ориёӣ

  

Copyright 2015. TOJNET.