Joomla module supported by best sites poker the poker information site.

ОГОҲОНА БОЯД ЗИСТ

                     

Замони мо дар ҳақиқат айёми дигаргуниҳои бузург ва тараққиёти босуръати илму техника аст.

Дар ҳама соҳа таҳаввулоти то ин замон диданашуда ба назар мерасад. Вале бо вуҷуди ин қадар   дастовардҳои илмӣ мутаассифона   як гурўҳи одамон ҳанўз ҳам бо тасаввуру хаёлҳои мавҳуми асри миёнагӣ зиндагонӣ мекунанд ва афкори заҳрноку сиёҳи худро ба сари дигарҳо бор карданӣ мешаванд. Ин гурўҳ ба гирдоби хурофот, ва ҷаҳолат афтодаанд. Натиҷаи ин ифротгароиву тангназарии онҳоро   мо дар Сурия, Ироқ ва Ливия дидем. Се давлати ободи исломӣ дар як муддати кўтоҳ ба харобазор табдил шуданд. Ҳамватанони азизи мо бояд ба рўидодҳои ҷаҳон ба чашми дил нигоҳ кунанд, онҳоро ба тарозуи ақли солим баркашанд. Вақти он аст, ки мо дўстро аз душману хайрхоҳро аз бадхоҳ фарқ кунем. Чархи таърихро ба ақиб гардонда намешавад. Инсон бояд хушбин ва дурандеш бошад Ин сифатҳоро танҳо ба воситаи илму адаб метавон касб кард.

Шароите, ки имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардум фароҳам овардааст имкон медиҳад, ки мо шахсиятҳои бузурги илму фарҳангро ба воя расонем.

Падару модарон ва аҳли ҷомеа бояд муттаҳид бошанд. Иттиҳоди мардум сабаб мешавад, ки ифротгароёну хурофотпарастони кўрдил ноком гарданд, тири ниятҳои бадашон хок хўрад.

Исломе, ки ин гурўҳи иртиҷоӣ тарғиб мекунад, исломи сохта, дурўғин ва харобгар аст. Китоби муқаддаси Қуръон- китоби сулҳу ишқ ва ҷавонмардиву одамият аст. Таҳаммулпазирӣ, гузашт кардан ва ҳомии оҷизону нотавонон ва ятимону ғарибон будан сифатҳои асосии мўъмин аст. Мусулмони ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ ба ягон мавҷуд зарар намерасонад. Як паҳлўи рафтори мусулмони ҳақиқиро устод Абулқосим Фирдавсӣ дар   ин ҳикмат хеле дилрас ифода кардааст:

Маёзор мўре, ки донакаш аст,

Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст.

Шайх Саъдӣ   ҳам, ки як шоири дилогоҳ ва як мусулмони ҳақиқӣ буданд, фармудаанд:

Падармурдаро соя бар сар фикан,

Ғубораш барафшону хораш бикан.

Ятим ар бигиряд, ки нозаш харад,

В- агар хашм гирад, ки бораш барад.

Чу бинӣ ятиме сар афканда пеш,

Мадеҳ бўса бар рўи фарзанди хеш.

Вале ин гурўҳи ифротиву иртиҷоие, ки худро мусулмон меҳисобад, сабаб шуд, ки садҳо ҳазор кўдак   ятим монд, ҳазорҳо хона сўхт, ҳазорҳо инсонҳои бегуноҳ нобуд шуданд. Магар ҳамин аст, ислом?! Магар ҳамин аст натиҷаи фармудаҳои   Қуръони Кариму Расули акрам?! Магар ҳамин аст, рафтори мусулмони ҳақиқӣ?!

Мегўянд, ки «кўр як бор асояшро гум мекунад?». Мо оқибату натиҷаи рафтори ифротгароён, маҳалчиён ва хурофотиёнро дидем, азобу ранҷашро дар ҷони худ озмудем. Халқи бузурги тоҷик дўстро аз душман шинохтааст. Хуб медонад, ки ба кӣ бовар кунаду   бо кадом роҳ равад.

Имрўз мо бояд дар атрофи Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ҷамъ шуда корҳои ватансозиву ободониро идома диҳем. Ин сарзамини муқаддас,ин хоки аҷдодиро танҳо мо обод мекунем. Вале душман ин комёбиҳоро дида наметавонад ва барои моро аз роҳ баровардан ҳиллаҳо меандешад. Мо ба чунин бадхоҳон мегўем:

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад.

Як   бад накунад, ки бо худаш сад нарасад.

Тоҷикистони азиз, пушту паноҳ ва Каъбаи сокинони мамлакат аст. Мо ин сарзамини муқаддасро бод илу ҷон ҳифз хоҳем кард.

Copyright 2015. TOJNET.