Joomla module supported by best sites poker the poker information site.

Муовини якуми Раиси нохия

sherali

 

Хушзода Шералї Содиќ 14 июли соли 1965 дар дењаи Шайнаки  гадои љамоати Чортеппаи ноҳияи Рудакї дар оилаи хизматчї таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик аст.

     Соли 1989 Институти политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси бо об таъминкунї ва канализатсия ва соли 2014 Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистонро бо ихтисоси андоз ва андозбандї хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1989 њамчун муњандис дар шуъбаи назорати техникии Раёсати манзили шањри Душанбе оѓоз намудааст.

Аз соли 1990 то 1992 дар шуъбаи номбурда ба њайси мутахассис ва аз соли 1992 то соли 1994 ба њайси мутахассиси категорияи 1 фаъолият намудааст.

Баъдан то соли 1997 дар вазифаи мутахассиси пешбарандаи шуъбаи истењсолї техникии Раёсати манзилии шањри Душанбе кор кардааст.

Солњои 1997-2001 дар Раёсати истењсолї – экспременталї оид ба шаклњои хурди меъмории Сарраёсати ободонии њукумати шањри Душанбе фаъолияти худро ба њайси сармуњандис идома медињад.

Солњои 2001-2003 дар вазифаи сардори истгоњи обтаъминкунии худрољеъ КВД Обу корези шањри Душанбе   кор кардааст.

Солњои 2003-2004 дар вазифаи сардори минтаќаи обтаъминкунии ноњияи Сино КВД «ОКД» шањри Душанбе фаъолият намудааст.

Солњои 2004-2006 дар вазифаи муњандиси ташкилот оид ба Лоињаи обтаъминкунии шањри Душанбе кор кардааст.

Аз соли 2006 то соли 2007 ба њайси сардори шуъбаи истењсолї – техники КВД «ОКД» шањри Душанбе фаъолият намудааст.

Аз соли 2007 то соли 2013 дар вазифаи муовини сардори шуъба ва аз соли 2013 то соли 2015 дар вазифаи сардори шуъбаи истифодабарї таъмири обњисобкунакњои КВД «ОКД» шањри Душанбе фаъолият намудааст.

Солњои 2015-2016 дар вазифаи сардори Муассисаи давлатии «Раёсати обёрї»-и Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлати дар шањри Душанбе кор кардааст.

Аз 14 июли соли 2016 муовини якуми Раиси ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе интихоб гардид.

Аз соли 2007 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

      Оиладор ва соҳиби 6 фарзанд мебошад.

Copyright 2015. TOJNET.