Joomla module supported by best sites poker the poker information site.

Муовин оид ба соҳаи иқтисодиёт

nozilshoh

 

Мањмудиён Нозилшоњ Њаким 23 майи соли 1973 дар дењаи Дарќади ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар оилаи хизматчї таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷикаст.

Соли 1996 Донишгоњи Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси бањисобгирии бухгалтерї, назорат ва тањлили фаъолияти хољагидорї ва соли 2012 њамин донишгоњро бо ихтисоси њуќуќшиносї хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1990 ба ҳайси корманди хољагии ба номи Калинини ноњияи Фархор оғоз намудааст. Аз соли 1993 то соли 1998 дар вазифаҳои муњосиби базаи таъминотї ва сариќтисодчии Иттињодияи истењсолии «Селхозхимия»-и ноњияи Фархор фаъолият намудааст.

Аз соли 1998 то соли 2000 ҳамчун мутахассиси пешбари шуъбаи азнавтаќсимкунии захирањои мењнатї ва сармутахассиси шуъба оид ба таъсиси чойњои кори иловагї ва корхонањои хурди Маркази љумњуриявии шуѓли ањолї кор кардааст.

Аз соли 2000 то соли 2005 дар вазифањои сармутахассис, мудири шуъба оид ба масъалањои иќтисод ва коммуникатсияи Дастгоњи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва солњои 2005-2006 мудири шуъба оид ба масъалањои иќтисод, коммуникатсия, аграрї, шуѓли ањолї ва экологияи Дастгоњи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон фаъолият намудааст.

Аз моњи июли соли 2006 то соли 2016 дар вазифаи муовини Раиси ноњияи Синои шањри Душанбе адои хизмат намуд.

Моњи июли соли 2016 муовини Раиси ноњияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин гардид.

Соли 2007 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро дар Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия дар шаҳри Москва оид ба барномаи «Идоракунии давлатї» ва соли 2014 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар мавзуи «Сиёсати давлатии иќтисодию молиявї дар Тољикистон ва амалияи он дар сатњи мањал» гузаштааст.

Аз соли 2009 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 22 августи соли 2012 №1319 рутбаи тахассусии Мушовири давлатии дараљаи 1 дода шудааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Copyright 2015. TOJNET.